Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон пас аз 3 сол ба Аврупо
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i48102-Сафари_раисиҷумҳури_Тоҷикистон_пас_аз_3_сол_ба_Аврупо
​​​​​​​Раисиҷумҳури Тоҷикистон пас аз 3 сол ба Аврупо сафар кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 04, 2019 17:55 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон пас аз 3 сол ба Аврупо

​​​​​​​Раисиҷумҳури Тоҷикистон пас аз 3 сол ба Аврупо сафар кард.

Ба гузориши Форс нюс, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон пас аз 3 сол ба Швейтсария ва Фаронса сафар кард. Дар ин сафари раисиҷумҳури Тоҷикистонро вазири умури хориҷа, дастёри раисиҷумҳур дар умури масоили байналмилал, вазирони тавсеаи иқтисод ва тиҷорат, дороӣ, энержӣ ва захоири обӣ, саноат ва фанновариҳои ҷадид, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатӣ, Кумитаи тавсеаи гардишгарӣ, Бонки миллӣ, Академияи улум, Донишгоҳи миллӣ ва соири мақомоти расмии ин кишвар ҳамроҳӣ мекунанд.