Коҳиши 30 дарсадии интиқоли бор тавассути ҳамлу нақли ҳавоӣ дар Тоҷикистон
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон аз коҳиши 30 дарсадии ҷо ба ҷоии бор тавассути ҳавопаймо дар ин кишвар хабар дод.
Ба нақл аз сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, аз оғози имсол 8 тонна бор тавассути ҳавопаймоҳо дар ин кишвар ҷо ба ҷо шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 30 дарсад коҳиш доштааст.
Ин дар ҳолест, ки дар моҳи июни соли 2018 бо кумаки молии 17 ва ним миллион долларии Ожонси давлатии ҳамкории байналмиллалии Жопон поёнаи бории фурудгоҳи Душанбе ба баҳрабардорӣ расид.
Масоҳати умумии поёнаи бории фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе 3 ҳазору 713 метри мурабаъ аст, ки тақрибан ба далели набуди тақозо барои интиқоли ҳавоӣ камтар мавриди истифода қарор мегирад, аммо коршиносон далели асосии истиқбол накардани тоҷикон аз интиқоли бор тавассути ҳавопаймо дар Тоҷикистонро гарон будани нархи сӯзишворӣ ва аворизи болои интиқоли бор эълом мекунанд.