Ноябр 05, 2019 10:04 Asia/Dushanbe
  • Маҳори оташсӯзӣ дар меҳмонхонаи 5 ситораи дар ҳоли сохти шаҳри Душанбе

Оташсӯӣ дар меҳмонхонаи 5 ситораи дар ҳоли сохт дар шаҳри Душанбе маҳор шуд.

Ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, манобеи Идораи оташнишонии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо таиди ин хабар гуфт, барои маҳори оташсӯзӣ тамомии таҷҳизоти худро ба маҳалли ин ҳодиса эъзом кардааст.

Сохти меҳмонхонаи 5 ситораи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе аз 13 сол пеш оғоз шуда ва қарор буд, ки ин тарҳ дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад.

Ширкатҳои иҷрокунандаи ин тарҳ тобистони соли равон эълом карда буданд, ки кори сохти деворҳо ва сақфи ин ҳотел ба поён расида ва коргарон машғули насби хутути барқрасонӣ, турбаҳои оби сохтмон ҳастанд.

Бар асоси тарҳи ироашуда масоҳати ин меҳмонхона 20 ҳазор метри мураббаъ бо 350 утоқ хоҳад буд.

Раванди сохти ин ҳотел бо назорати Дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буда ва ҳазинаи сохти ин меҳмонхона ҳудуди 30 миллион доллар баровард шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар таи сезда соле, ки аз оғози сохти ин тарҳ мегузарад ширкати иҷрокунандаи сохти меҳмонхонаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанберо аз пардохти аворизи гумрукӣ барои воридоти масолеҳи сохтмонӣ ва андоз муоф кардааст.

Барчасп