Ноябр 07, 2019 10:34 Asia/Dushanbe
  • Мумониъати Туркманистон аз вуруди комюнҳои тоҷикистонӣ

Туркманистон аз вуруди комюнҳои тоҷикистонӣ ба дохили қаламрави худ мумониъат мекунад.

Ба нақл аз сомонаи Тоб Ти Ҷи , Суҳроб Мирзозода гуфт ; дар нишасти Камисиюни муштарак байни давлати Туркманистон ва Тоҷикистон дар Ашқобод тарафи тоҷикистонӣ мавзуи поён додан ба монеътароши дар роҳи ҳаракати комюнҳои тоҷик дар қаламрави Туркманистонро матраҳ кард ,ки ҷониби туркманӣ ҳеҷ посухи мушахасие ба ин дархост надод.

Ба гуфтаи ин мақоми тоҷик ҳеҷ санаи дақиқе низ барои ҳали ин мушкил таъийн нашудааст.

Аммо Парвиз Мулоҷонов коршиноси тоҷик муътақид аст ,ки решаи ихтилофи феълии Туркманистон ва Тоҷикистон ба мавзуи тарҳи сохти роҳи оҳани минтақаии Туркманистон , Афғонистон ва Тоҷикистон муҳим медонад ва пешниҳоди Душанбе барои кутоҳ кардани ин масирро намепазирад.

Гуфта мешавад,ки Туркманистон ва Тоҷикистон дар заминаи маҳали иттисоли ин роҳ ,ки бандари Шерхон дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон ва ноҳияи Шаҳритуз дар вилояти Хатлон аст, ихтилофи назари шадид доранд.

Туркманистон аз моҳи августи соли 2018 бо таъхир комюнҳои Тоҷикистонро дар марзҳои худ пазириш мекард ва дар соли ҷорӣ ин масир бар рӯи ронандагони тоҷик баста шудааст, ба ин далел ронандагони тоҷик маҷбур мешаванд масири Эрон , ҷумҳурии Озарбойҷон,убур аз дарёи Хазар , вуруд ба Қазокистон ва Узбакистонро интихоб кунад ,ки муҷиби тулонӣ шудани роҳ ва афзоиши ҳазинаҳои транзит мешавад.

Далели мумониъат аз ҳаракати комюнҳои Тоҷикистон дар қаламрави Туркманистон навъе фишор ба Душанбе барои пазириши тарҳи мавриди назари Ашқобод дар сохти роҳи оҳани минтақаӣ миёни Туркманистон , Афғонистон ва Тоҷикистон аст.