Талафоти ҳамлаи гуруҳи террористӣ дар марзи Тоҷикистон
(last modified Thu, 07 Nov 2019 08:30:35 GMT )
Ноябр 07, 2019 13:30 Asia/Dushanbe
  • Талафоти ҳамлаи гуруҳи террористӣ дар марзи Тоҷикистон

Манобеи хабарӣ аз кушта шудани ҳабдаҳ узви гуруҳи террористӣ бар асари даргирӣ бо нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар марзи ин кишвар бо Узбакистон хабар доданд.

Ин даргирӣ дар табодули оташ миёни муҳоҷимон ва маъмурони як посгоҳи марзии Тоҷикистон воқеъ дар 50 километрии ҷануби ғарбии Душанбе пойтахт рух додааст.

Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда боқимондаи муҳоҷимон дастгир шудаанд.

Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон бо интишори иттилоиае эълом кардааст омилони ҳамла бомдоди чаҳоршанбе-6 ноябр ба посгоҳи марзии ин кишвар дар марз бо Узбакистон эҳтимолан аз аъзои гуруҳи террористии ДИИШ будаанд.

Гуруҳи 20 нафараи вобаста ба ҷараёни террористии ДИИШ дар ҳоле ба марзҳои Тоҷикитсон ҳамла карда, ки давлати ин кишвар ба манзури бозгардондани бозмондаҳои ДИИШ дар Сурия ва Ироқ талоши музоаферо дар дастури кор қарор додааст.

 Илова бар ин, мақомҳои давлати Амрико ба шиддат дар паи тарғиби давлатмардони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барои бозгардондани бозмондагони гуруҳи террористии ДИИШ ба кишварҳояшон ҳастанд.

Ба назар мерасад мақомҳои Амрико, ки Сурия ва Ироқ ба ҳадафҳояшон нарасидаанд, талош мекунанд ба манзури зарба задан ба кишварҳои мустақил ба вижа Эрон ва Русия, бозмондагони ҷараёни террористии ДИИШро ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафғоз интиқол диҳанд.

Дар сурати амалисозии ин интиқол мақомҳои Кохи Сафед тасаввур мекунанд имкони зарба задан ба манофеи давлатҳои мустақил камҳазинатар ва имконпазиртар хоҳад буд.

Воқеият он аст, шикасти ҷараёнҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ ба ҳамон мизон, ки заминаҳои шодии давлатҳо ва миллатҳоро фароҳам кардааст нигаронии давлатҳо ва миллатҳои ҷаҳон ба вижа давлатҳои мустақил дар ғарби Осиё ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро дар пай доштааст.

Бадиҳӣ аст, ки нақши Амрико ва муттаҳидонашро дар ин замина наметавон нодида гирифт.

Як саволи асосӣ ин аст, ки Амрико ва муттаҳидонаш чаро ва чигуна ба террористҳои ДИИШ кумак мекунанд то онҳо битавонанд ҳазорон километрро бидуни санадҳо ва мадорики сафар тай карда ва худро ба марзҳои шимолии Афғонистон бо ҷумҳури Осиёи Марказӣ бирасонанд?

Баррасиҳо нишон медиҳад, ки шумори зиёде аз фармондеҳон бо нуфуз ба ситезаҷӯёни ифротӣ муддатҳост, ки Аз Сурия ва Ироқ бо киштиҳои (маъмулан англисӣ) ба бандарҳои Покистон мунтақил шуда ва аз тариқи масирҳои сайёҳатӣ дар қаламрави Покистон мустақим ба самти вилоятҳои шимолии Афғонистон равона шудаанд.

Бидуни доштани як барномаи ҷиддӣ ва созмонёфта ва кумаки давлатҳо, интиқоли террористҳо аз Сурия ва Ироқ ғайримумкин ба назар мерасад ба вижа он ки интиқоли ҳазор террорист, ки ҳамагӣ таҷрибаи воқеии ҷанг доштаанд ба роҳатӣ ва пинҳон аз нигоҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ имконпазир нест.

Ба хусус, ки ниманизомиёни террористӣ ҳеҷгуна мадракҳои шиносоӣ надорад. Ба ин тартиб террористҳо вориди шимоли Афғонистон шуда ва ба мурур ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мунтақил мешаванд.

Дар ҳамин иртибот Виячеслав Никрасов як коршиноси умури низомӣ ва амниятии рус муътақид аст, суҳбат танҳо дар мавриди Толибон ва давлати исломӣ нест, балки камаш 20 гуруҳи террористии дигар, ки камтар машҳур ҳастанд аз ҷумла ДИИШ, Ҷабҳатул насра, Ҳизбу таҳрир, Алқоида ва дигар гуруҳҳои вобаста ба ҷарёнҳои террористӣ мебошанд. Аммо ҷолибтарин масъала дар шароити умумии терроризм дар кишвар маншаи хориҷии он аст. Бадиҳӣ аст, ки ин гуруҳҳои террористӣ фақат бо ҳимояти фаол аз хориҷ метавонанд ба мавҷудияти худ идома дода ва фаолона амал кунанд.

Дар маҷмуъ бояд гуфт, ҳамлаи 20 узви гуруҳаки террористии ДИИШ ба минтақае дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон муқаддамаи талошҳои бархе кишварҳо аз ҷумла Амрико ва муттаҳидонаш барои эҷоди ноамнӣ дар Осиёи Марказӣ аст. 

Барчасп