Ноябр 07, 2019 18:49 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси рус: Ҳамла ба марзҳои Тоҷикистон иқдоме намоишист

​​​​​​​Коршиноси масоили сиёсии Русия гуфт, ахбори мунташир шуда дар иртибот бо ҳамла ба марзҳои Тоҷикистон дақиқ нест.

Александр Князев, коршиноси масоили сиёсии Русия бо ишора ба ҳамлаи ДИИШ ба посгоҳи марзии Тоҷикистон гуфт: “Ман бо минтақаи марзии мавриди ишора ошно ҳастам ва мӯътақидам ахбори мунташир шуда дар ин иртибот дақиқ нест”.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин коршинос тасреҳ кард, дар марҳалаи аввал шибҳи низомиёни кушта шуда иқдомоти аҷибе аз лиҳози ҷуғрофиёӣ анҷом доданд, зеро тай кардани масири шаҳри Қундӯзи Афғонистон ба Тоҷикистон роҳат нест ва илова бар ин дар роҳ даҳҳо пастҳои марзии дигар қарор доранд.

Князев хотирнишон кард, дар ин замина дигар мулоҳизоте низ вуҷуд дорад ва ба назари ман ин мавзӯъ намоишӣ ва барои фитнаангезӣ аст.

Вай афзуд, ҳадаф аз ин иқдомот густариши тарс дар байни мардум аз созмонҳои террористӣ ва нишон додан тавонмандии давлат дар заминаи дифоъ аз кишвар аст, ки дар натиҷа ин барнома, мудирият кардани мардум тавассути давлат роҳаттар мешавад.

Коршиноси рус гуфт, ҳамчунин ҳатто давлат эътимод ва ҳимояти мардумро касб мекунад.