Вазорати дифои Афғонистон: Ҳамлаи ДИИШ ба Тоҷикистон ҳеҷ иртиботе бо Афғонистон надорад
Пас аз иддаои Тоҷикистон мабнӣ бар истифодаи ДИИШ аз хоки Афғонистон барои ҳамла ба посгоҳҳои марзии ин кишвар Вазорати дифои Афғонистон ҳар гуна иртиботи Афғонистон ба ин ҳамларо такзиб кард.
Ба гузориши “Тасним”, Рӯҳуллоҳ Аҳмадзай, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки ҳамлаи ноком ба посгоҳҳои марзии Тоҷикистон ҳеҷ иртиботе ба Афғонистон надорад.
Ин дар ҳолест, ки шашуми ноябр ҳудуди 20 муҳоҷими мусаллаҳ дар ҳоле ки суратҳои худро пӯшонда буданд, ба посгоҳи марзии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамла карданд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, муҳоҷимон як нерӯи марзӣ ва як нерӯи пулисро куштанд ва дар оташи мутақобил низ 15 муҳоҷим кушта ва 4 нафари боқимонда низ дастгир шуданд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин муддаӣ шуданд, ки гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон масъули ин ҳамла аст.
Аҳмадзай дар ин бора тасреҳ кард, даргирии муҳоҷимон ва нерӯҳои Тоҷикистон дар дохили хоки Тоҷикистон рух додааст ва муҳоҷимон низ сокини Тоҷикистон буда ва дар дохили хоки ин кишвар иқомат доштанд. Сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон гуфт, ҳамла ба нерӯҳои Тоҷикистон бо истифода аз хоки Афғонистон набуд, мубориза бо терроризм масъулияти муштарак аст, зеро таҳдидоти он барои ҳама баробар аст. Вай афзуд, ки ҳувияти муҳоҷимон ҳанӯз номушаххас аст.
Гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон ҳанӯз дахил будан дар ин ҳамларо таъйид накардааст.