Ноябр 08, 2019 21:33 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари худ ба Аврупо дар раъси ҳайате вориди Порис, пойтахти Фаронса шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои анҷоми як сафари расмӣ дар раъси ҳайате ба Порис, пойтахти Фаронса рафт.

Ба гузориши хабаргузории “Анадолу”, вай пас аз поёни сафари расмии худ ба Швейтсария, баъд аз зуҳри имрӯз озими Фаронса шудааст.

Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Порис аз сӯйи мақомоти баландпояи Фаронса мавриди истиқбол қарор гирифт.

Раисҷумҳури Тоҷикистон сафари расмии худ ба ду кишвари аврупоиро рӯзи душанбе, 4 ноябр бо сафар ба Швейтсария оғоз кард.

 

Барчасп