Ноябр 09, 2019 09:59 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори кушташудаҳо дар ҳодисаи ҳамла ба посгоҳи марзии Тоҷикистон

Теъдоди нерӯҳои давлатии кушта шуда дар ҳодисаи ҳамла ба посгоҳи марзии Тоҷикистон ба 6 нафар расид.

5 марзбон ва як нерӯи пулис дар ҳамлаи афроди мусалаҳ ба посгоҳи марзии Тоҷикистон дар бомдоди чоршанбе шашуми ноябр дар дашти Лоҳур дар 50 киллометрии Душанбе кушта шуданд.

Пеш аз ин мақомоти амниятӣ ва низомии Тоҷикистон теъдоди куштаҳои ин ҳамла аз суи нерӯҳои ҳукуматиро ду нафар ва талафоти муҳоҷимонро ҳабдаҳ тан эълом карда буданд.

Дар ин баёния гуфта шуд,ки дар ин ҳамла Баҳром Қосимзода пулиси ин минтақа Иззатуллоҳ Латипов гурӯҳбони посгоҳи марзӣ ҳам кушта шуданд , аммо манбаъҳои мустақили хабарӣ аз ташйиъи ҷанозаи саргурд Диловар Толибов муовини фармондеҳи посгоҳ, сарбозон Наъимҷон Саидҷонов , Ҳофиз Ҳасанов ва Ғаниҷон Давлатов дар зодгоҳи ин афрод дар вилояти Суғди  ва ноҳияи Рашт хабар додаанд.

Бо ин ҳол мақомоти расмӣ дар бораи ин мавзуъ тавзеҳ надодаанд.

Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ коршиносон дар бораи ин ҳамла ва тавзиҳоти мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон дучори шак ва тардид шуданд.

Дар баёнияи расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон таъкид шудааст,ки як гурӯҳи 20 нафараи вобаста ба гурӯҳи терорристии ДИИШ бо вуруд аз Афғонистон ба Тоҷикистон ин ҳамларо анҷом додаанд.

Барчасп