Ноябр 09, 2019 13:24 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли болгард ва таҷҳизот аз Фаронса ба Тоҷикистон

Аз Фаронса ба Тоҷикистон болгард ва таҷҳизот ирсол мекунанд.

Дар дидори Имомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои иқтисодӣ ва бозаргонии Фаронса дар Парис тавофуқномаи хариди 5 болгард ва таҷҳизоти мавриди ниёзи ширкати Алюминии Тоҷикистон имзо шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Тоҷикта , намояндагони ширкати фаронсавии Айробус ва Сомон Эйри Тоҷикистон дар ин нишаст тавофуқномаи хариди 5 фарванд болгардро имзо карданд.

Ҳамчунин миёни намояндагони ширкати Алюмини Тоҷикистон бо ширкати фаронсавии ФЮС ва олмонӣ Родеҳмир тавофуқномаи хариди ва насби таҷҳизоти мавриди ниёзи ин ширкати тоҷикистонӣ ба имзои тарафайн расид.

Маблағи ин қарордод 200 миллион Евра эълом шудааст.

Гуфта мешавад,ки 45 соли пеш дар даврони Шуравӣ ҳангоми сохти корхонаи Алюминии Тоҷикистон бахше аз таҷҳизоти мавриди ниёзи ин маркази тавлидӣ аз Фаронса ворид шуда буд,ки акнун ниёз ба бозсозӣ дорад.

Аз суи дигар миёни ширкатҳои дорусозии Тоҷикистон ва Фаронса тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо шуд.

Ҳамчунин дар нишасти Имомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони маҳфилҳои иқтисодӣ ва бозаргонии Фаронса дар Парис тарафи фаронсавӣ мутаъаҳид шуд,ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барои сохти маркази хариди тиҷорӣ сармоягузорӣ кунад.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 20 ширкати фаронсавӣ фаъолият мекунад.