Ноябр 09, 2019 18:16 Asia/Dushanbe
  • Имзои 11 санади ҳамкорӣ раҳоварди сафари Раҳмон ба Фаронса

Дар сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса дар маҷмуъ байни 2 тараф 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тарафайн дар ин дидор дар мавриди ҳамкории муассири мушовираҳои сиёсии байни ниҳодӣ, тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои мухталифи тиҷорӣ ва иқтисодӣ, сармоягузорӣ, башардӯстона ва фарҳангӣ баҳс ва гуфтугӯ карданд.

Ба нақл аз Форс, тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи энержӣ, ҳамлу нақл, мухобирот, кишоварзӣ, гардишгарӣ, беҳдоштӣ ва фаолиятҳои муҳандисӣ ва машваратӣ аз заминаҳои умедваркунандаи равобити 2 кишвар унвон шуд.

2 тараф дар ин дидор густариши ҳамкориҳои 2 кишвар дар бахшҳои саноати нур ва ғизо, конҳо, химия, филизҳои оҳанӣ ва ғайри оҳанӣ аз ҷумла тавлиди алминиюмро муҳим арзёбӣ карданд.

Ҳамкориҳои 2 кишвар дар чорчуби созмонҳои бонуфуз аз ҷумла Иттиҳодияи Аврупо аз дигар масоиле буд, ки зимни ин дидор мавриди баҳс ва баррасии тарафайн қарор гирифт.

2 тараф аз ҳимояти якдигар дар маҷмаъҳои байналмиллалӣ ибрози ризоят карда ва қатъномаи Созмони Милалл дар мавриди "Об барои рушди пойдор дар солҳои 2018-2028"-ро намунаи ин иқдомот унвон карданд.

Пас аз дидори раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Фаронса 5 санади нави ҳамкорӣ аз ҷумла тавофуқнома байни давлатҳои Тоҷикистон ва Фаронса дар мавриди иртиботи ҳавоӣ, баёнияи ҳамкории гардишгарӣ байни Кумитаи тавсеаи гардишгарии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва умури хориҷаи Фаронса, эъломияи ҳамкорӣ байни Вазорати Аврупо ва умури хориҷаи Фаронса ва Вазорати умури хориҷаи  Тоҷикистон  барои солҳои 2019-2023, эъломияи ҳамкорӣ байни академии улуми Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва умури хориҷаи Фаронса дар заминаи ҳамкорӣ бо академии улулми Тоҷикистон ва муассисаи фаронсавии таҳқиқоти Осиёи Марказӣ, тафоҳуномаи ҳамкории таҳсилотӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва донишгоҳи Париж ё Пантеон-Сорбин ба имзо расид.

Дар маҷмуъ дар сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расида, ки тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни ширкати алминиюми Тоҷикистон (Толка) ва ширкати "Фивез"-и Фаронса ба арзиши 200 миллион евра аз он ҷумла аст.

 

Барчасп