Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мудири кулли ЮНЕСКО дар Фаронса
Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар чорчуби сафари расмиаш ба Аврупо ҳаштуми ноябр бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот кард.
Ба нақл аз сомонаи Дафтари матбуотии раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон; ду тараф дар ин дидор ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди Созмони Миллали Муттаҳидро баррасӣ карданд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мудирияти ЮНЕСКО барои густариши ҳамкорӣ бо кишвраш дар бахшҳои фарҳанг ва омӯзиш ва парвариш қадрдонӣ кард.
Дар ин дидор мавзӯоте ҳамчун ҳифзу гиромидошти мироси таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик ва сабти асомии нави маконҳои таърихии Тоҷикистон дар ҷодаи Абрешим дар рӯйхати мироси ҷаҳонии ЮНЕСКО баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Адрӣ Азолӣ ҳамчунин дар заминаи тарҳи ҷазби гардишгарон ба кишварҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистон, муаррифии маконҳои таърихӣ ва фарҳангии ин кишвар ва ҳамкорӣ дар бахши омӯзишу парвариш табодули назар карданд.
Мудири кулли ЮНЕСКО дар ин дидор пешниҳод кард, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар заминаи умури таҳқиқотии марбут ба яхчолҳои ин кишвар ва истифода аз об ва ҳамчунин муҳити зист бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.
Дар поёни ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон аз мудири кулли ЮНЕСКО даъват кард, ки дар фурсате муносиб аз Тоҷикистон дидан кунад.