Ноябр 10, 2019 09:48 Asia/Dushanbe
  • Муҷозоти масъулони варзишии шаҳри Конибодом ба иттиҳоми ихтилос

Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошт ва ҷаримаи молии масъулони Идораи умури варзиш, ҷавонон ва гардишгарии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ба иттиҳоми санандсозӣ ва ихтилос хабар дод.

Ба нақл аз Спутник, В.Шарифов мудири Идораи умури варзиш, ҷавонон ва гардишгарии шаҳри Конибодом бо табонӣ бо З.Саидов ва Р.Каримҷонов масъулони варзишии ин шаҳр даст ба санадсозии қалбакӣ зада ва беш аз 30 ҳазор сомонӣ аз будҷаи шаҳрдориро барои манофеи шахсӣ истифода кардаанд.

Ин ашхос бо санадсозии қалбакӣ ва дар иддаое хилофи воқеъ муддаӣ шудаанд, ки ду гуштингири озодкори шаҳри Конибодомро барои ширкат дар мусобиқаҳои озодкорони ҷавон ба шаҳри Киев пойтахти Украина эъзом кардаанд, дар ҳоле, ки таҳқиқот нишон медиҳад, ки ин ду варзишкор аслан аз шаҳри Конибодом хориҷ нашуда ва ба ин мусобиқаҳо нарафтаанд.

Додгоҳи ноҳияи Конибодом ин се нафарро ба пардохти ҷарима ва ҷуброни хасоратҳои ворида ба будҷаи шаҳрдории ин минтақа маҳкум кардааст.

Бар асоси ин ҳукм ашхоси ёдшуда ҳамчунин аз ҳақи фаолият дар марказҳои варзишӣ ва гардишгарӣ маҳрум шудаанд.

Барчасп