Синамои Зебуниссои Душанбе мизбони Ҳафтаи филмҳои русӣ
Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон аз баргузории Ҳафтаи филмҳои Русия дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба нақл аз хабаргузории Ховар, ин барнома ба ибтикори Вазорати фарҳанг ва Созмони синамоии Русия ва Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон бо ҳадафи ошноии тоҷикон бо филмҳои нави русӣ ва густариши равобити фарҳангии ду кишвар баргузор мешавад.
Дар чорчуби баргузории Ҳафтаи филмҳои Русия дар Тоҷикистон 6 филми синамогарони рус рӯзҳои 16 то 20 ноябр дар синамои Зебуниссои шаҳри Душанбе бо ҳузури коргардонон ва ҳунарпешагони синамои Русия ба намоиш дар меояд.
Гуфта мешавад, ки аз ин филмҳо панҷ филми тавлиди соли 2019 ва як филм низ маҳсули соли 2018 аст.
Сергей Лос мудири Созмони синамоии Русия гуфтааст, ки ин филмҳо қабл аз Тоҷикистон дар бештари кишвраҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд дар чорчуби Ҳафтаи филмҳои Русия ба намоиш даромада ва бо истиқболи густардаи бинандагон ру ба ру шудааст.