Буҷаи вазоратхонаҳо ва идороти давлатии Тоҷикистон таъмин намешавад
Вазоратҳо ва идороти давлатии дар Тоҷикистон наметавонанд манобеи молии мавриди ниёзи худро бар асоси буҷаи ҳукумати ин кишвар дарёфт кунанд.
Ба гузориши сомонаи Авесто, бо гузашти беш аз 9 моҳ аз оғози соли 2019 ҳеҷ як аз вазоратҳо ва идороти давлатии Тоҷикистон буҷаи мавриди ниёзи худро ба таври комил дарёфт накардаанд.
Дар ин миён танҳо Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон ҳаштоду ду даҳуми дарсад аз буҷаи худро ҷазб кардааст.
Дар ин муддат 3 миллиарду 89 миллион сомонӣ (муодили 318 миллион доллар) ба ин вазоратхона ихтисос ёфтааст, ки бахши умдаи он, ҳазинаи идомаи сохти ниругоҳи барқи обии Роғун шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар 9 моҳи гузашта бахши даромадии буҷаи Ҳукумати Тоҷикистон 16 миллиарду 756 миллион сомонӣ(муодили 1 миллиарду 756 миллион доллар) буда, ки аз барномаи таъйин шуда наздик ба 4 дарсад камтар аст.
Аммо бахши ҳазинаи буҷаи ҳукумати Тоҷикистон дар ин муддат, 14 миллиарду 410 миллион сомонӣ (муодили 1 миллиарду 487 миллион доллар) будааст, ки иҷрои барномаро ба мизони ҳафтоду се даҳуми дарсад таъмин мекунад.
Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2019 буҷаи ҳукумати Тоҷикистон 23 миллиарду 700 миллион сомонӣ(муодили 2 миллиарду 513 миллион доллар) муқаррар шудааст.