Ташдиди тадбирҳои амниятӣ дар Тоҷикистон ба иллати ташхиси нодурусти сокинони минтақаи марзӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i48289-Ташдиди_тадбирҳои_амниятӣ_дар_Тоҷикистон_ба_иллати_ташхиси_нодурусти_сокинони_минтақаи_марзӣ
Ташхиси иштибоҳи сокинони минтақаи марзии Тоҷикистон муҷиби ташдиди тадбирҳои амниятӣ дар ин кишвар шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 12, 2019 05:42 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди тадбирҳои амниятӣ дар Тоҷикистон ба иллати ташхиси нодурусти сокинони минтақаи марзӣ

Ташхиси иштибоҳи сокинони минтақаи марзии Тоҷикистон муҷиби ташдиди тадбирҳои амниятӣ дар ин кишвар шуд.

Иштибоҳи сокинони минтақаи марзии Тоҷикистон дар ташхиси шикорчиёни бо террористҳои диишӣ муҷиби ташдиди тадбирҳои амниятӣ дар марказ, ғарб ва шимоли  ин кишвар шуд.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, як манбаи амниятӣ бидуни ифшои номи худ ба ин хабаргузорӣ гуфт, сокинони ноҳияи Турсузода дар ғарби Тоҷикистон ва наздикии марзи Узбакистон пас аз мушоҳидаи ашхоси мусаллаҳ бо либоси сиёҳ дар дарраи Шерканд ин мавзӯъро ба идораҳои амниятӣ ва интизомӣ гузориш доданд.

Ин манбаи амниятӣ гуфт, ин хабар муҷиби эъзоми нерӯҳои низомӣ бо болгард ва худравҳои зиреҳӣ ба минтақа ва иҷроии тадбирҳои шадиди амниятӣ дар ноҳияи Турсунзода, водии Ҳисор, масири Душанбе ба Хуҷанд ва вилояти Суғд шуд.

Ин манбаи амниятӣ идома дод, баъд аз баррасӣ мавзӯъ мушаххас шуд ба иллати ташобуҳи либоси сиёҳи шикорчиён бо пушиши террористҳои ДИИШ мардуми минтақа, шикорчиёнро бо террористҳо иштибоҳ гирифтанд, ки бо шиносоии ашхос аз шиддати тадбирҳои амниятӣ коста ва посгоҳҳои ист ва бозрасӣ аз роҳҳои марказ, ғарб ва шимоли Тоҷикистон барчида шуд.