Ноябр 14, 2019 11:01 Asia/Dushanbe
  • Ниёзи Тоҷикистон ба меҳмонхонаҳои нархашон арзон барои ҷазби гардишгари хориҷӣ

Коршиносони умури гардишгарӣ муътақиданд,ки Тоҷикистон барои ҷазби гардишгари хориҷӣ ба меҳмонхонаҳои нархашон арзон ниёз дорад.

Ҷаҳонгир Асроров корманди яке аз ҳутелҳои ( Меҳмонхонаҳои ) муҷалал дар шаҳри Душанбе мегуяд,ки фақат 60 дар сад зарфияти ҳутелҳои пойтахти Тоҷикистон дар сол такмил мешавад, ва ин дар ҳоле аст,ки дар фосилаи наздики шаҳри Душанбе беш аз 10 ҳутели нави 5 ситора ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

 Ӯ далели афзоиши сохти ин ҳотелҳоро эъломи солҳои 2019 то 2021 ба унвони рушди гардишгарӣ , санойеъи дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон донист.

 Ҷаҳонгир Асроров ҳамчунин маъоф шудани ширкатҳои сохти ҳутел аз пардохти андоз бар арзиши афзуда ва аворизи гумрукӣ ҳангоми ворид кардани масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизотро аз дигар далелҳои афзоиши сохти ҳутелҳои муҷалло эълом кард.

Раҷаб Саидов иқтисоддони тоҷик низ муътақид аст ,ки дар ҳотелҳои муҷалали шаҳри Душанбе нархи як шаб иқомат 100 доллар таъийн шудааст,ки барои гардишгарони хориҷӣ ғайри қобили пазириш аст,зеро дар шаҳри Душанбе маконҳо ва марказҳои тахрихӣ бисёр кам буда ва танҳо афроде,ки аз хориҷ барои маъмурият ба Тоҷикистон меоянд ва ё ширкаткунандагон дар ҳамоишҳои байналмиллалӣ метавонанд дар чунин ҳутелҳое иқомат кунанд.

Аз суи дигар бештари ҳотелҳои муҷалло дар шаҳри Душанбе бо қарзҳои бонкӣ сохта мешавад,ки бо боло будани мизони суди бозпардохти ин вомҳо мушкилотеро барои ширкатҳои сохтмонсозӣ ва ҳутелдорон эҷод хоҳад кард.