Шикояти мутақозиёни маскан аз як ширкати сохтмонсозӣ дар Тоҷикистон
Муштариёни ширкати сохтмонсозии Комил 2010 и Тоҷикистон, ба иллати таъхири таҳвили манзилҳои маскунии худ аз ин ширкат шикоят карданд.
Муштариёни ширкати сохтмонсозии мавсум ба Комил 2010 ,ки мутаалиқ ба Бег Сабур раиси хадамоти иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон аст аз таъхир барои таҳвили манзилҳои маскунӣ, аз ин ширкат шикоят карданд.
Ба нақл аз Тоб Ти Ҷи, ин ширкат се сол аст дар маҳалаи Зарафшон дар ғарби шаҳри Душанбе манзилҳои маскунии 16 табақаи мезозад,ки ба далелҳое кори сохти манзилҳо аз суи ин ширкат кунд пеш меравад ва ҳамчунин аз таҳвили хонаҳои сохта шуда ба мутақозиён имтиноъ мекунад.
Мутақозиёни ин манзилҳои маскунӣ,ки маблағи пешпардохт барои сохти ин хонаҳоро пардохт кардаанд аз кунд будани раванди сохтусоз ва таъхир дар замони таҳвили ин хонаҳо норозӣ ҳастанд.
Бег Сабур мегуяд; ҳануз теъдоде аз муштариён маблағи лозим барои идомаи сохти ин манзилҳои маскуниро пардохт накардаанд, ин дар ҳоле аст,ки ҳамакнун Сабур раиси хадамоти иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон аст ва аз назари қонунӣ наметавонад шуғли дуввум дошта бошад ва дар фаъолияти ширкатҳои хусусӣ мушорикат кунад.
Аммо вай мудаъӣ аст,ки ширкати сохтмонсозии Комил 2010 мутаалиқ ба писараш аст ва Ӯ фақат бар раванди сохти манзилҳои маскунӣ мудирият ва назорат мекунад.
Коршиносон мегуянд Бег Сабур аз соли 2011 мудирияти муввафақе дар мақоми раёсати хадамоти иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон надоштааст ва акнун низ дар мудирияти ҳамзамони ширкати сохтмонсозии Комил 2010 кифояти лозимро барои ин кор надорад.