Номзад нашудани Шодӣ Шабдолов фаоли сиёсии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии 2020
Шодӣ Шабдолов фаоли сиёсии тоҷикистонӣ, ки 5 давра намояндаи Маҷлиси қонунгузории ин кишвар буд, дар интихоботи парлумонии баҳори 2020 номзад нахоҳад шуд.
Ба нақл аз Азия-Плюс, вай ки 25 сол раёсати Ҳизби комунисти Тоҷикистонро бар уҳда дошт ва дар интихоботи соли 2015 натавонист намояндаеро ба Маҷлиси қонунгузорӣ бифристад, иллати ширкат накардан дар интихоботи соли 2020-ро набуди рақобати солим, озод набудани овоздиҳӣ ва мудохилаи ҳукумат дар ин раванд унвон кардааст.
Шоди Шабдолов гуфтааст, ки пас аз канорагирӣ аз симати раёсати Ҳизби комунист акнун машғули навиштани китоби хотирот аст, вале бо аъзои ин ҳизб равобити худро ҳифз кардааст.
Ӯ мегуяд, ки ба баргузории як интихоботи парлумонии озод, шаффоф ва солим дар Тоҷикистон эътимод надорад.
Ин дар ҳолест, ки Меъроҷ Абдуллоҳов раиси феълии Ҳизби комунисти Тоҷикистон эълом кардааст, ки ин ҳизб қасд дорад барои интихоботи парлумонии Тоҷикистон соли ояндаи 8 нафарро ба унвони номзад пешниҳод кунад.
Қаблан раёсати Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон низ аз омодагӣ барои мушорикат дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар соли 2020 хабар дода буд.