Сохти зиндони нав барои муттаҳамон ба терроризм дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i48480-Сохти_зиндони_нав_барои_муттаҳамон_ба_терроризм_дар_Тоҷикистон
Раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон аз сохти зиндони нав барои нигаҳдории муттаҳамон ба терроризм ва ифротгарӣ дар ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 21, 2019 13:45 Asia/Dushanbe
  • Сохти зиндони нав барои муттаҳамон ба терроризм дар Тоҷикистон

Раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон аз сохти зиндони нав барои нигаҳдории муттаҳамон ба терроризм ва ифротгарӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, генерал Мансур Умаров гуфт, ҳадаф аз сохти ин зиндони нав дур нигаҳ доштани дигар зиндониён аз таъсири таблиғоти муттаҳамон ба терроризм ва ифротгарӣ будааст.

Вай таъкид кардааст, ки ин зиндон дорои низоми сахт ва бастааст ва бо насби дурбинҳои мадорбаста зиндониён назорат ва контрол мешаванд, аз ин ру имкони пешгирӣ аз иқдомоти тахрибкорона, шуриш ва таблиғи афкори гуруҳҳои террористӣ ва ифроӣ дар миёни зиндониён низ барои мудирияти зиндон фароҳам шудааст.

Ба гуфтаи раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон тарҳи сохти ин зиндони вижа барои нигаҳдории муттаҳамон ба терроризм ва ифротгарӣ аз сӯи мутахассисони дохилӣ ва хориҷӣ ва бо мушовираи созмонҳои байналмиллалӣ пешниҳод шудааст.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси Қонуни нави Авфи умумӣ дар Тҷоикистон таи ду моҳи соли равон дар ин кишвар 7 ҳазор зиндонӣ озод ва ба бақия ҳам тахфифи муҷозот дода мешавад.