Озодии 10 ҳазору 277 нафар аз зиндонҳои Тоҷикистон
(last modified 2019-11-21T15:48:12+00:00 )
Ноябр 21, 2019 20:48 Asia/Dushanbe
  • Озодии 10 ҳазору 277 нафар аз зиндонҳои Тоҷикистон

Раиси созмони зиндонҳои Тоҷикистон аз озодии 10 ҳазору 277 нафар аз зиндонҳои ин кишвар аз оғози иҷроӣ шудани қонуни ҷадиди афви умумӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Авесто, генерал Мансур Умаров гуфт, аз оғози иҷроӣ шудани қонуни ҷадиди афви умумӣ дар Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди тасвиби қонуни асосии ин кишвар, 10 ҳазору 277 нафар аз зиндонҳо, боздоштгоҳҳо ва додгоҳҳо озод шудаанд.

Вай таъкид кардааст, ки тайи ин муддат 288 зан, 149 ноболиғ ва 858 нафар,  ки ба иттиҳоми терроризм ва ифротгароӣ ба зиндон маҳкум шуда буданд озод гардидаанд. Ҳамчунин бар асоси қонуни ҷадиди афви умумӣ барои 6 ҳазору 100 зиндоние, ки ҳукми маҳкумияти боло доштаанд, тахфифи муҷозот тааллуқ гирифтааст.

Раиси созмони зиндонҳои Тоҷикистон гуфтааст, ки мушкили аслии зиндониёни озод шуда, пайдо кардани ҷои кор мебошад. Зеро 90 дарсад аз зиндониёне, ки мавриди афв қарор гирифтаанд, воҷиди шароити кор мебошанд, ки танҳо 20 дарсад аз ин афрод муваффақ ба пайдо кардани шуғл шудаанд.

 

Барчасп