Ноябр 22, 2019 19:51 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби тарҳи буҷаи соли 2020-и Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи буҷаи соли 2020-и ҳукумати ин кишварро тасвиб кард.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷвик”, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ҳангоми ироаи тарҳи буҷаи соли 2020-и ҳукумат дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфт, ки ҳаҷми умумии буҷаи ҳукумат 26 миллиарду 100 миллион сомонӣ (муодили ду миллиарду 100 миллион доллар) хоҳад буд, ки дар муқоиса бо соли 2019 наздик ба 300 миллион доллар бештар аст.

Ҳаҷми умумии буҷаи Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2019 23 миллиарду 773 миллион сомонӣ буд. Ин шохис дар муқоиса бо буҷаи соли 2010 наздик ба 300 миллион доллар камтар аст. Ҳамчунин барои бахши ҳазинаи буҷаи Ҳукумати Тоҷикистон дар соли оянда 26 миллиарду 40 миллион сомонӣ дар назар гирифта шудааст. Аммо бахши даромади буҷаи давлати ин кишвар ҳам барои соли 2020 26 миллиарду 400 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, ки дар муқоиса бо буҷаи имсол ҳафту ним дарсад бештар аст. Гуфта мешавад, ки касри бахше аз буҷаи соли оянда ба мизони 349 миллион сомонӣ аз ҳисоби дарёфти кумакҳои молии бархе кишварҳо ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ ва фурӯши амволи давлатӣ ҷуброн хоҳад шуд.

Дар буҷаи давлати Тоҷикистон барои соли 2020 маблағи 11 миллиарду 700 миллион сомонӣ барои бахшҳои иҷтимоӣ дар назар гирифта шудааст.

 

Барчасп