Ноябр 23, 2019 10:49 Asia/Dushanbe
  • Ислоҳоти асосии қонуни андози Тоҷикистон

Иқтисоддони тоҷик муътақид аст,ки қонуни андози Тоҷикистон ниёз ба ислоҳоти асосӣ дорад.

Ба нақл аз сомонаи Спутник , Ҳоҷимуҳаммад Умаров бо ишора ба тасвиби қонуни дарёфти андоз аз содироти фелезоти гаронбаҳо ва вогузории замин дар Тоҷикистон бо ҳадафи афзоиши даромади давлат гуфт ; низоми андози ин ҷумҳурӣ дучори нобасомониҳои зиёде аст.

Вай таъкид кард ; дар Тоҷикистон фирори млиётии афрод ё ҳамон иқтисоди сиёҳ бисёр рӯшд  пайдо карда, ки бояд роҳкоре барои шафофсозии амалкарди ин бахш ва водор кардани афрод ба пардохти андоз тадвин ва иҷроӣ шавад.

Ба гуфтаи Умаров пештар раиси ҷумҳурии тоҷикистон дастури коҳиши мизони андози дарёфтӣ аз бахши хусусиро содир карда буд,ки то ба ҳол ин амр иҷроӣ нашудааст.

Ӯ идома дод ; ба ҳамин далел шоҳиди коҳиши теъдоди пардохткунандагони андоз дар Тоҷикистон ҳастем ,ки ҳама сола беш аз 200 ҳазор нафар аз фаъолони бахши хусусӣ ба иллати фишорҳои ниҳодҳои назоратӣ иҷозатномаи фаъолияти худро лағв мекунанд.

Вай муътақид аст,ки дар ҳоли ҳозир 85 дар сад даромади моллии бахши хусусӣ ҳазинаи пардохти андоз мешавад,ки бо афзоиши мизони андоз дар ин кишвар дар ояндаи наздик мо шоҳиди вахим шудани авзои иқтисодӣ хоҳем буд.

Барчасп