Ноябр 23, 2019 11:15 Asia/Dushanbe
  • Сабти вилодати 162 ҳазор навзод аз оғози имсол то кунун дар Тоҷикистон

Аз оғози имсол вилодати 162 ҳазор навзод дар Тоҷикистон сабт шудааст.

 Ба нақл аз сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, ҳамчунин таи ин муддат теъдоди даргузаштагон дар Тоҷикистон 25 ҳазор нафар буда ,ки 1 ҳазору 500 нафар аз ин теъдод кудакони зери 1 сол буданд.

Гуфта мешавад,ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ ( бо афзоиши 2 дар садии ) ҷамъияти Тоҷикистон ба 9 миллиону 258 ҳазор нафар расидааст.

Бар асоси тафкик ҷамъияти Тоҷикистон дар минтақаҳои ин кишвар 3 миллиону 300 ҳазор нафар дар вилояти Хатлон, 2 миллиону 600 ҳазор нафар дар вилояти Суғд, 2 миллиону 100 ҳазор нафар дар ноҳияҳои марказӣ,228 ҳазору 500 нафар дар вилояти Кӯҳистони Бадахшон ва 855 ҳазор нафар дар шаҳри Душанбе сукунат доранд.

Ин дар ҳоле аст,ки чанде пеш Бонки ҷаҳонӣ рӯшди сариъи ҷамъияти Тоҷикистонро ,ки бо барномаи эҷоди иштиғол ва коҳиши фақр дар ин кишвар таносубе надорад, ба бомби соатӣ ташбеҳ карда буд.

Аз нигоҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар ҳлле,ки як севвум аз ҷамъияти 9 миллион нафарии Тоҷикистонро навҷавонони то 14 сол ташкил медиҳад ва барномаи муҳоҷирати нерӯи кори ҷавони ин кишвар ба хориҷ ҳам бисёр мушкил аст, мақомоти Душанбе бояд дар фикри танзими мизони рӯшди ҷамъият бошанд.

Ба гуфтаи коршиносон, ҷамъияти Тоҷикистон дар соли 2023 ба 10 миллион нафар хоҳад расид.

Барчасп