Назарсанҷии Gallup: Тоҷикистон дуввумин кишвари амни ҷаҳон
Муассисаи таҳқиқотии Галуп бар асоси назархоҳӣ аз шаҳрвандон, Тоҷикистонро баъд аз Сингапур дуввумин кишвари амни ҷаҳон муаррифӣ кардааст.
Ба нақл аз ИРНО, Маркази пажуҳишии амрикоии Галуп бо назархоҳӣ аз ҳудуди 152 ҳазор нафар аз 142 кишвари ҷаҳон гузориши шохиси назм ва қонуни 2019-ро мунташир карда, ки дар он Тоҷикистон дар радаи дуввуми назм ва амният ва Афғонистон дар радаи охир қарор гирифтааст.
Шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон дар ин назарсанҷӣ ба пурсишҳое дар бораи эътимод ба полиси маҳаллӣ, эҳсоси амният барои пиёдаравӣ танҳо дар шаб ва ҳамчунин ин пурсиш, ки оё дар 12 моҳи гузашта пул ё дороии онҳо сирқат шудааст посух додаанд.
Дар натиҷаи ин назархоҳӣ дар миёни 142 кишвар Тоҷикисон бо имтиёзи 94 дар рутбаи дуввум пас аз Сингапур қарор гирифтааст.
Ҳамчунин тибқи назари шаҳрвандон ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ-Туркманистон ва Узбакистон ҳамроҳ бо Швейтсария бо имтиёзи 92 дар радаи панҷум қарор доранд.
Бархе коршиносон бар ин боваранд, ки бо таваҷҷуҳ ба маҳдудиятҳои озодии баён дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ин масъала мумкин аст дар посухҳои шаҳрвандон ба муассисаи Галуп ва қарор гирифтани се кишвари Туркманистон ва Узбакистон ва Тоҷикистон дар радаҳои болои ҷадвал таъсир дошта бошад.
Дар ин назарсанҷӣ ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ яъне Қазоқистон ва Қирғизистон, ки аз тавсеаи сиёсии бештар ва вазъияти беҳтаре дар заминаи расона ва озодии баён бархурдор ҳастанд дар ҷойгоҳи поинтаре қарор гирифтаанд ва Қазоқистон рутбаи 72 ва Қирғизистон рутбаи 82 ро касб кардааст.
Бар асоси гузориши Галуп дар маҷмуъ беш аз ду севвуми шаҳрвандони ҷаҳон гуфтаанд, ки барои пиёдаравии танҳо дар шаб эҳсоси амният мекунанд ва 68 дарсади мардуми ҷаҳон ҳам ба полиси маҳаллӣ ибрози итминон кардаанд.