Ноябр 26, 2019 08:03 Asia/Dushanbe
  • Шубҳаи коршиносон дар мавриди сармоягузории ширкатҳои аврупоӣ дар Тоҷикистон

Коршиносони тоҷик дар мавриди сармоягузории ширкатҳои аврупоӣ дар Тоҷикистон шубҳа доранд.

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс бо вуҷуди талоши ҳукумати Тоҷикистон барои ҷазби сармояи хориҷӣ ва ба вежа аз Аврупо дар иқтисоди ин кишвар ва додани имтиёзу осониҳои зиёд ҳануз ҳам монеъаҳои мухталифе дар ин замина вуҷуд дорад, ки муҷиби нобоварии сармоягузорон дар ин маврид мешавад.

 Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар сафар ба Шветсария ва Фаронса аз сармоягузорони ин ду кишвар даъват кард, ки барои таъсиси корхонаҳо ва ширкатҳои муштарак бо бахши хусусии кишвараш иқдом кунанд, аммо Субҳон Ҳодиев - иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки бо вуҷуди беҳбуди нисбии фазои касбу кор дар Тоҷикистон дар солҳои ахир, вуҷуди фасоди молӣ ва ришвахорӣ, инҳисорӣ кардани бахшҳое аз иқтисод аз суи гурӯҳҳои хос, монеъаҳои идорӣ, ки мақомоти давлатӣ эҷод мекунанд  боварии сармоягузорони хориҷиро аз байн мебарад.

 Вай бо ишора ба қарзи молии ширкати давлатии “Барқи тоҷик” ба ду ниругоҳи Сангтуда- 1 ва 2, ки бо сармоягузории Русия ва Эрон сохта шудааст, ё вазъи ногувори ширкатҳои хадамоти телефони ҳамроҳи Мегафон ва Тсел дар Тоҷикистон мегӯяд, ки бо огоҳӣ аз ин мавзӯъ гумон намеравад, ки ширкатҳои хориҷӣ дар ин кишвар сармоягузорӣ кунанд.

Султон Сафаров-коршиноси тоҷик низ бар ин бовар аст, ки бо вуҷуди ваъдаҳои мақомоти ҳукуматӣ дар заминаи додани имтиёзҳои  зиёд ба сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон, ривоҷи фасоди молӣ ва ришвахорӣ, набуди тазмини бозгашти сармоя, монеъатарошии мақомот дар идораҳои давлатӣ фазои сармоягузориро дар ин кишвар аз байн бурдааст.

 

Барчасп