Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар зарурати тақвияти ҳамкории СПАД
(last modified Thu, 28 Nov 2019 15:45:33 GMT )
Ноябр 28, 2019 20:45 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар зарурати тақвияти ҳамкории СПАД

Раисиҷумҳури Тоҷикистон тайи суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Бишкеки Қирғизистон бар зарурати тақвияти ҳамкории кишварҳои узви ин созмон, барои муқобила бо таҳдидҳои фазояндаи амниятӣ дар минтақа таъкид кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти имрӯзи аз сарони кишварҳои узви СПАД дар Бишкек аз афзоиши таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар наздикии марзҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ибрози нигаронӣ кард ва хостори андешидани тадбирҳои муассир барои муқобила бо ин хатарот шуд.

Дар ин нишаст, ки бо ҳузури сарони Русия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор гардид, бар сари вазъияти амнияти ҷаҳон ва минтақа, таҳкими марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон, иртиқои тавони размии нирӯҳои СПАД дар баробари таҳдидҳои террористӣ ва барномаи муқобила бо ҳамалоти сайберӣ, баҳсу табодули назар шуд. Дар поёни ин нишаст 15 санади ҳамкорӣ миёни сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба имзо расид, ки яке аз ин санадҳо кумаки ин созмон ба Тоҷикистон барои таҳкими марзи ин кишвар бо Афғонистонро дар бар мегирад. Ҳамчунин раёсати давраии СПАД барои соли 2020 аз Қирғизстон ба Русия мунтақил шуд.