Дидори раисҷумҳури Тоҷикистон бо раисҷумҳури Узбакистон
(last modified Fri, 29 Nov 2019 12:50:09 GMT )
Ноябр 29, 2019 17:50 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисҷумҳури Тоҷикистон бо раисҷумҳури Узбакистон

 Руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Шавкат Мирзиёев дар чаҳорчӯби дувумин дидори руасои ҷумҳури кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши “Форс”, дар ин дидор руасои ҷумҳури Узбакистон ва Тоҷикистон бар сари мусбати ҳамкориҳои мутақобил байни ду кишвар, ки ба як марҳалаи роҳбурдӣ ворид шудааст, таъкид карданд.

Таъкид шуд, ки дар натиҷаи талошҳои муштараки байни ду кишвар равобити иқтисодӣ ва бозаргонӣ беш аз пеш тавсеа меёбад.

Руасои ҷумҳури Узбакистон ва Тоҷикистон ҳамчунин чашмандози густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобили байни ду кишвари бародарро баррасӣ ва дар мавриди масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

Руасои ҷумҳури ду кишвар дар поён пойбандии худ барои таҳкими беш аз пеши равобити дӯстӣ, ҳусни ҳамҷворӣ ва ҳамкории роҳбурдӣ байни Узбакистон ва Тоҷикистон таъкид карданд.