Нишасти вижаи утоқҳои саноеъ ва бозаргонии Тоҷикистон ва Англия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i48729-Нишасти_вижаи_утоқҳои_саноеъ_ва_бозаргонии_Тоҷикистон_ва_Англия
Бо талоши сафорати Тоҷикистон дар Лондон ва бо ҳамкории утоқҳои саноеъ ва бозаргонии ду кишвар як нишасти вижа баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 30, 2019 12:42 Asia/Dushanbe
  • Нишасти вижаи утоқҳои саноеъ ва бозаргонии Тоҷикистон ва Англия

Бо талоши сафорати Тоҷикистон дар Лондон ва бо ҳамкории утоқҳои саноеъ ва бозаргонии ду кишвар як нишасти вижа баргузор шуд.

Ба нақл аз Қатра, ҳадаф аз ин нишаст муаррифии зарфиятҳои сармоягузории Тоҷикистон ва ҷазби сармоя ба иқтисоди ин кишвар унвон шудааст.

Дар ин нишаст ба ширкаткунандагони он иттилооти комиле дар мавриди асноди ҳуқуқӣ, системаи молиётӣ, мазоёи вижа барои сармоягузорон ва вазъияти тиҷорат дар Тоҷикистон ироа шуд.

Масъуд Халифазода, сафири Тоҷикистон дар Англия дар ин маросим дар мавриди зарфиятҳои сармоягузорӣ, потенсиали барқи обӣ, саноеъ, маъдан ва кишоварзии ин кишвар сӯҳбат кард.