Кумаки пизишкии Русия ба Тоҷикистон
Русия як дармонгоҳи сайёри пизишкиро ба Тоҷикистон эҳдо кард.
Ба нақл аз Спутник, эҳдои ин дармонгоҳи пизишкии сайёр дар чорчуби барномаи кумаки техникӣ ба кишварҳои Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо ҳадафи контроли СПИД ва дигар бемориҳои гузаранда эҳдо шуд.
Ин дармонгоҳи сайёр барои кумакҳои аввалияи пизишкӣ, ташхиси бемориҳои СПИД, гепатити вирусӣ ва дигар бемориҳои гузаранда таҷҳиз шудааст.
Дар маросими эҳдои ин дармонгоҳи сайёр дар шаҳри Душанбе Умеда Саидова муовини Вазорати беҳдошти Тоҷикистон ва Игор Лиякин Фролов сафири Русия дар Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Русия барои иҷрои ин барнома дар солҳои 2019-2021 ҳудуди 17/8 миллион доллар ихтисос додааст.
Ин барнома афзун бар Тоҷикистон кишварҳое чун Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон ва Узбакистонро низ дар бар мегирад.