Декабр 02, 2019 14:42 Asia/Dushanbe
  • Кумитаи дин дар Тоҷикистон: бардоштани ҳиҷоби занон ғайриқонунӣ аст

Мақомоти Кумитаи давлатии умури динӣ дар Тоҷикистон дар посух ба саволе дар бораи бардоштани ҳиҷоби бонувони мусулмон дар маконҳои умумӣ онро ғайри қонунӣ хондаанд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, Шерзод Муҳаммадҷон яке аз фаолони тоҷикистонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар Олмон ба сар мебарад, аз мақомоти Кумитаи давлатии умури динӣ дар Тоҷикистон дар идораҳои давлатӣ ва маконҳои умумӣ савол кардааст ва мақомоти Кумитаи давлатии умури динӣ дар Тоҷикистон ин корро ғайриқонунӣ донистаанд.

Ба гуфтаи мақомоти умури дин, дар Тоҷикистон қонуне барои мамнуияти пушидани ҳиҷоби исломӣ вуҷуд надорад.

Ҳамчунин бар асоси банди 5 Қонуни асосии Тоҷикистон бонувоне, ки ба зур ҳиҷоби ононро бар медоранд метавонанд ба идораҳои интизомии ин кишвар шикоят кунанд.

Шерзод Муҳаммадҷон муътақид аст бо он ки дар Тоҷикистон қонуни кашфи ҳиҷоб вуҷуд надорад дастури махфии Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури ин кишвар дар заминаи бардоштани ҳиҷоби бонувони мусулмон дар ҳоли иҷроӣ шудан аст ва мақомоти масъул дар посух ба мухолифати идораҳо ва созмонҳои давлатӣ бо пушиши исломии бонувон мегуянд, ин дастури раиси ҷумҳурӣ аст.

Барчасп