Декабр 02, 2019 20:22 Asia/Dushanbe
  • Ризоятмандии Тоҷикистон аз ҳузури ширкатҳои Эрон дар ин кишвар

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, корҳои асосии сохти туннели Истиқлоли Тоҷикистон аз тариқи ширкатҳои эронӣ ба итмом расидааст.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳошияи дидор бо вазири нирӯи Эрон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, яке аз тарҳҳои бисёр муваффақе, ки дар чанд соли ахир тавассути ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон ба натиҷа расида, марбут ба нирӯгоҳи барқӣ обии “Сангтӯда -2” аст, ки бо зарфияти 220 мегаватт дар ҳоли баҳрабардорӣ аст. Ин нирӯгоҳ дар фасли замистон нақши муассире дар таъмини барқи мавриди ниёзи мардуми Тоҷикистон дорад.

Ба гузориши Қатра, вай афзуд, дар ин тарҳ бархе масоили молӣ ва хариди барқ аз тарафи ширкати тоҷикӣ мавриди баҳс аст, ки зарфи имрӯз ва фардо масоили муртабит бо ин масъала дар комиссияи муштарак, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Усмонзода тасреҳ кард, корҳои асосии сохти туннели Истиқлоли Тоҷикистон аз тариқи ширкатҳои эронӣ ба итмом расидааст, барои такмили ин тарҳ иқдомоте аз қабили системаҳои рӯшноӣ, таҳвия ва оташнишонӣ боқимондааст, ки ин мавзӯи низ дар комиссияи сездаҳум мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Вай бо таъкид бар инки ширкатҳои эронӣ проектҳои мутааддидеро дар Тоҷикистон анҷом додаанд, гуфт, дар ҳоли ҳозир ширкатҳои фаннӣ ва муҳандисии Эрон дар проекти Роғун ба унвони бузургтарин нирӯгоҳи барқӣ обии Тоҷикистон фаъолият доранд, ки аз фаъолияти ин ширкатҳо дар Тоҷикистон бисёр хурсанд ва розӣ ҳастем.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ҳамчунин ёдовар шуд, муқаррар шудааст, ҳамзамон бо баргузории иҷлоси сездаҳум, тарҳҳо миёни ду кишвар ва раванди афзоиши ҳамкори‎ҳои Эрон ва Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирад.

 

Барчасп