Декабр 02, 2019 20:37 Asia/Dushanbe
  • Ҷудо шудани тоҷикон аз мероси ҳазорсолаи форсӣ ба сабаби ривоҷи хатти русӣ

Донишманди тоҷик, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, мӯътақид аст, хатти русӣ то ҳадде тоҷиконро аз мероси ҳазорсолаи форсӣ ҷудо кардааст.

Ба гузориши сомонаи Қатра, Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷик, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, устоди забони форсӣ дар Донишгоҳи Аби Лайхани Қазоқистон ва бунёнгузор ва сардабири маҷаллаи илмии «Эроннома» дар Алмаато, ки дар Қазоқистон сукунат дорад, ҳамчунин мӯътақид аст, эҳёи хатти форсӣ дар Тоҷикистон бисёре аз мушкилоти иртиботии  форсизабонони Тоҷикистон бо дигар форсизабонон дар Эрон ва Афғонистонро рафъ мекунад.

Ӯ гуфт, ба далели инки дар ин минтақа нуфузи фарҳангии эрониён бисёр қавӣ будааст, аксар манобнъ (мероси катбӣ ва дастнавишта) ба забони форсӣ будааст. Мутаассифона аз соли 1924 номи забони форсиро аз Осиёи Миёна, ба далоили сиёсӣ, бардоштанд ва тоҷикиро ҷойгузини он карданд. Ҳамчунин ду бор хатти мардумони Осиёи Миёна тағйир ёфт. Як бор аз авохири солҳои бистуми қарни гузашта ин хатт лотинӣ шуд ва дигар бор аз авохири солҳои сиюми қарни гузашта хатти русиро ба ин мардум таҳмил карданд. Мутаассифона хатти русӣ ҳамонанди девори Чин миёни тоҷикони кунунии Осиёи Миёна бо тоҷикони дигари ҷаҳон аз ҷумла тоҷикони Афғонистон, Эрон, Ҳинд, Покистон ва Чин аст.

Ӯ ҳамчунин гуфт, теъдоде аз равшанфикрони Тоҷикистон кӯшиш кардаанд, ки хатти форсӣ дубора дар Тоҷикистон эҳё шавад. Агар хатти форсӣ дар Тоҷикистон эҳё гардад, бисёре аз мушкилоти иртиботии форсизабонони Тоҷикистон бо дигар форсизабонон дар Эрон ва Афғонистон бартараф мегардад. Ман борҳо навиштаам ва гуфтаам, ки то замоне, ки хатти форсӣ дар Тоҷикистон эҳё нагардад ва номи забон ба номи воқеии худ таҳаввул наёбад вазъи забон, чунонки бояд, дуруст нахоҳад гашт.

Сафар Абдуллоҳ идома дод, мардуми Қазоқистон бетардид мардуми бофарҳанг, бо саводанд ва аз таъриху фарҳанги минтақа огоҳ ҳастанд ва ашъори бузургони адаби форсиро тарҷума кардаанд ва бо он ошноӣ доранд. Ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно ва ғайра ба забони қазоқӣ тарҷума шуда ва дар миёни мардуми қазоқ маҳбубият дорад. Авомили зиёде метавонад дар равобити фарҳанги ду кишвар муассир бошад. Аввалан ду кишвари бузурги минтақа дар ду сӯи дарёи Мозандарон аз имконоти фаровоне бархӯрдоранд. Қазоқистон яке аз кишварҳои сарватманди ҷаҳон аст, ки тамоми ҷадвали Менделеев дар зери замини ин кишвар мавҷуд аст. Ҳарқадар равобити ду кишвар наздиктар бошад ба суди ҳамаи миллатҳои минтақа аст.