Декабр 03, 2019 17:56 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Тоҷикистон аз ширкатҳои эронӣ барои ҳамкорӣ дар сохти нерӯгоҳ

Вазири об ва энержии Тоҷикистон аз ширкатҳои эронӣ барои ҳамкорӣ дар заминаи сохти нерӯгоҳҳои барқи обии мутавасситу кӯчак ва хутути барқи роҳбурдӣ дар он кишвар даъват ба ҳамкорӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Усмоналӣ Усмонзода, вазири об ва энержии Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар боздид аз Ширкати тавсеаи манобеи об ва нерӯи Эрон дар Теҳрон бо ишора ба раванди такмили амалиёти нақби "Истиқлол" ва анҷоми тарҳҳои нерӯгоҳи мутавасситу кӯчаки Ширкати тавсеаи манобеи об ва нерӯи Эрон дар Тоҷикистон афзуд, такмили амалиёти нерӯгоҳҳои кӯчак бо таваҷҷуҳ ба шароити кӯҳистонии хоси Тоҷикистон метавонад ба таъмини барқи рустоҳои вилояти Бадахшони ин кишвар кумак шоёне кунад.

Беҳрӯзи Муродӣ, мудири кулли Ширкати тавсеаи манобеи об ва нерӯи Эрон бо ишора ба фазои дӯстона ва мусбати ду кишвар гуфт, умдаи фаъолиятҳои Ширкати тавсеаи манобеи об ва нерӯи Эрон дар ҳавзаҳои сад ва нерӯгоҳ аст, ки бо таҳқиқ ва пажуҳиши нерӯгоҳҳои мутавасситу кӯчак бумисозӣ шудааст. Муродӣ ба тарроҳӣ ва истиқрори сомонаи ҳушдори сел низ ишора кард ва афзуд, роҳандозии сомонаи ҳушдори сел дар Тоҷикистон ин имконро фароҳам мекунад, то ин кишвар зимни санҷиш ва ҷорӣ шудани сел пеш аз вуқӯъ ба мудирияти муассири он бипардозад. Мудири кулли Ширкати тавсеаи манобеи об ва нерӯи Эрон тасреҳ кард, сомонаи ҳушдори сел бо пешбинӣ ба мавқеи селобҳои Эрон дар ду ҳавзаи обии Корун ва Карха тавонист зимни истифодаи беҳина аз зарфияти тавлиди барқ аз бурузи мушкилоти вуқӯи сели густурда дар кишвар ҷилавгирӣ кунад.

 

Барчасп