Сафҳои тӯлонӣ дар Тоҷикистон барои дарёфти пулҳои ирсолӣ аз Русия
Бо вуҷуди эъломи қаблии Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди набуди мушкил дар интиқол ва дарёфти даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик теъдоди зиёде аз бастагони ин афрод имрӯз натавонистанд ин пулҳоро бигиранд.
Ин дар ҳолест, ки ба гузориши “Спутник”, дирӯз Мавҷуда Ҳасанова сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон хабари мамнӯъ шудани интиқоли даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русияро такзиб карда ва бо ишора ба фаъол шудани низоми ҷадиди интиқоли даромад аз хориҷ аз савуми декабр гуфта буд, дар ин маврид ҳич мушкиле эҷод нахоҳад шуд. Аммо муассисоти молӣ ва эътибории "Вестерн юнион", "Контакт", "Близко" ва "Золотоя Корона" имрӯз интиқоли пул ба Тоҷикистонро қатъ карданд. Мушоҳидаи хабарнигори “Спутник” дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳокист, танҳо иртибот бо муассисаи молӣ ва эътибории "Юнстрим"-и Русия барқарор будааст ва расонаҳои хабарии русӣ низ аз қатъи ҳамкории дигар марокизи молии ин кишвар бо бонкҳои Тоҷикистон хабар додаанд.
Қаблан мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон аз тамоми бонкҳо ва муассисоти молию эътибории Русия хоста буданд, ки барои интиқоли даромади коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон маблағеро ба унвони амонат дар бонки миллии ин кишвар супурдагузорӣ кунанд, зеро фақат дар ин сурат аз ҳаққи иҷрои ин навъ муомилот бархурдор хоҳанд шуд. Ҳамчунин коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия бояд дар Бонки миллии Тоҷикистон шумораҳисоб дошта бошанд, то битавонанд барои хонаводаҳои худ пул бифиристанд.