Таъкиди Бонки Ҷаҳонӣ бар коҳиши манобеи буҷавӣ барои нерӯгоҳи "Роғун"
Бонки Ҷаҳонӣ аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки бо коҳиши манобеи буҷавӣ барои идомаи такмили нерӯгоҳи "Роғун" дар соли 2020 ба дунболи ёфтани манобеи дигар бошад.
Ба нақл аз хабаргузории Taj Week, ҳукумати Тоҷикистон эълом карда буд, ки барои идомаи такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар соли 2020, аз ҳисоби буҷа 220 миллион доллар ихтисос хоҳад шуд.
Ба ин нукта, дар яке аз бандҳои буҷаи ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳафтаи қабл дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар ба тасвиб расид, ишора шудааст.
Аммо Бонки Ҷаҳонӣ таъкид кардааст, ки ихтисоси ин мизон буҷа барои идомаи такмили нерӯгоҳи Роғун дар соли 2020, нигарониҳоеро дар мавриди бозпардохти вомҳои хориҷӣ ва коҳиши манобеи молии бахшҳои иҷтимоӣ афзоиш медиҳад.
Ин дар ҳоле аст, ки дар буҷаи соли 2019 низ барои такмили нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" 220 миллион доллар ихтисос ёфтааст.