Ҳушдор дар бораи об шудани пиряхҳои ҳавзаи рӯдхонаи Зарафшон
Донишмандони тоҷик дар бораи оқибатҳои ногувори об шудани пиряхҳои ҳавзаи рӯдхонаи Зарафшон барои Тоҷикистон ва Узбакистон ҳушдор додаанд.
Ба нақл аз сайти Top Tj, таҳқиқоти солҳои ахири донишмандони муҳити зисти Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар 40 соли ахир масоҳати пиряхи "Зарафшон" ҳамасола 40 метр коҳиш ёфтааст, ки ҷои нигаронӣ дорад.
Ҳамчунин натиҷаҳои ин таҳқиқ ҳокӣ аҳ коҳиши масоҳати пиряхи мавсум ба "Ромо" ҳамзоди пиряхи "Зарафшон" дар як соли ахир ба 85 метр аст.
Ин дар ҳоле аст, ки идомаи раванди об шудани ин ду пирях, зиндагии беш аз 7 миллион нафар аз сокинони Тоҷикистон ва Узбакистонро, ки оби мавриди ниёзи онон аз рӯдхонаи Зарафшон таъмин мешавад, метавонад бо хатари ҷиддӣ рӯбарӯ созад.
Аз сӯи дигар донишмандони тоҷик таъкид мекунанд, ки ба иллати гарм шудани ҳаво ва тағйироти шароити иқлимӣ аз 14 ҳазор пиряхи бузург ва кӯчаки табиӣ дар кӯҳҳои Бадахшон як пирях ба таври комил аз байн рафта ва хатари об шудани соири пиряхҳо низ афзоиш ёфтааст.