Декабр 04, 2019 14:19 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи баргузории интихоботи парлумониро таъин кард

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои фармоне, таърихи баргузории интихоботи парлумониро дар ин кишвар таъин кард.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои фармоне, рӯзи аввали моҳи марти 2020-ро замони баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ ва шӯроҳои маҳаллии ин кишвар таъин кард.

Дар ин фармон таъкид шудааст, ки интихоботи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳамзамон бо интихоботи шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва маҳаллии ин кишвар, аввали моҳи марти соли 2020 баргузор хоҳад шуд.

Бар асоси ин фармон, нахустин нишасти муштараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Тоҷикистон рӯзи 27 марти соли 2020 баргузор мешавад ва дар ин ҷаласа раисон, муовинон ва раисони кумитаҳои ин ду маҷлис интихоб хоҳанд шуд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 курсӣ ва Маҷлиси миллӣ 33 курсӣ дорад.

Ҳадди нисоби вуруди номзадҳо ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бар асоси раъйҳои 5 дарсадӣ хоҳад буд, ки ҳизбҳои ширкаткунанда бо ин шохисаҳо метавонанд як номзадро ба ниҳоди қонунгузорӣ бифиристанд.

 

 

Барчасп