Афзоиши қимати ангишт ҳамзамон бо афзоиши истихроҷи он дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i48855-Афзоиши_қимати_ангишт_ҳамзамон_бо_афзоиши_истихроҷи_он_дар_Тоҷикистон
Ҳамзамон бо афзоиши истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон қимати ин сӯхт дар ин кишвар афзоиш ёфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 05, 2019 06:11 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати ангишт ҳамзамон бо афзоиши истихроҷи он дар Тоҷикистон

Ҳамзамон бо афзоиши истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон қимати ин сӯхт дар ин кишвар афзоиш ёфт.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, бо вуҷуди истихроҷи беш аз 1 миллиону 700 ҳазор тон ангишт дар Тоҷикстон аз оғози имсол, бо шурӯи фасли сармо қимати ин сӯхт дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Пеш аз ин қимати ҳар кило ангиштсанг дар Тоҷикистон 50 дирам буд, ки дар ҳоли ҳозир ин мизон ба 1 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Ба таври ҳамзамон ҳар кило ангиштсанги воридотӣ аз Қирғизстон, ки қаблан 1 сомониву 30 дирам буд, акнун ба нархи 2 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Коршиносон далели гаронтар будани қимати ангишти воридотӣ аз Қирғизистонро кайфияти беҳтари он эълом мекунанд.

Дилшод Аҳмадов, коршиноси тоҷик муътақид аст, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам мавзӯи бозорёбӣ ва беҳбуди кайфияти истихроҷи ангишт ва содироти он ба хориҷ бо мушкилоти зиёде рӯбарӯст.

Ӯ гуфт, ба ин далел, ки бо вуҷуди фаъолияти 21 кони ангишт дар Тоҷикистон мизони тавлиди ин навъи сӯхт дар муқоиса бо Қирғизистон ба маротиб камтару кайфияти он низ пойинтар аст.

Аз сӯи дигар, солҳои қабл мақомоти иқтисодии Тоҷикистон эълом карда буданд, ки аз воридоти ангишт ба ин кишвар ҷилавгирӣ хоҳанд кард, аммо ҳамчунон ангиштсанг аз Қирғизистон ворид мешавад.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон аз захоири кони ангишти Фон – Яғноб ва Шӯроб  дар вилояти Суғд, Назарайлоқ дар водии Рашт, Зидеҳ дар шимоли шаҳри Душанбе ва Сайёд дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат ангишт истихроҷ мешавад.

Захоири шиносоишуда дар 21 кони ангишти Тоҷикистон беш аз 3 миллиард тон тахмин зада шудааст.