Декабр 05, 2019 10:07 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши харид ва масрафи маводи ғизоӣ омили рушди иқтисодии Тоҷикистон

Коршиноси аршади дафтари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон муътақид аст, ки рушди иқтисоди ин кишвар дар соли ҷорӣ ба иллати афзоиши харид ва масрафи маводи ғизоӣ будааст.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, хонум Гоар Гулюмиян ҳангоми ироаи гузориши “Таҳдидҳои эҳтимолӣ барои иқтисоди Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе гуфт, имсол мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон 7 дарсад буд.

Ӯ гуфт, ин афзоиши хариду масрафи маводи ғизоӣ ба сабаби афзоиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз хориҷ, ба вижа Русия аст, ки яке аз авомили рушди иқтисод дар ин кишвар низ ба ҳисоб меояд.

Вай афзоиши тавлидоти санъатиро ҳам аз дигар авомили рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ донист.

Аз дидгоҳи коршиноси аршади дафтари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ, дар Тоҷикстон рушди иқтисод муҷиби коҳиши мизони фақр дар ин кишвар мешавад, ки дар соли 2017 ба 29,5 дарсад ва дар соли 2018 ба 27,4 дарсад расидааст. Дар гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон тайи солҳои 2020 ва 2021 ба 5 дарсад хоҳад расид.

 Сабаби пешбинии кунд шудани рушди иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2020 ва 2021 коҳиши суръати рушди иқтисоди Русия ва пойин омадани қимати маводи хом дар бозори ҷаҳонӣ хоҳад буд.

 

Барчасп