Декабр 05, 2019 11:25 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудияти интиқоли пул аз Русия ва равнақи фаъолияти шабакаҳои ғайрирасмии ирсоли пул

Маҳдудияти интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон муҷиби равнақи фаъолияти шабакаҳои ғайрирасмии ирсоли пул хоҳад шуд.

Коршиноси умури бонкии Русия гуфт, маҳдудият дар раванди интиқоли даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон, ки ахиран Бонки Миллии Тоҷикистон эъмол кард, муҷиби равнақи бозори сиёҳ ва каналҳои ғайрирасмӣ хоҳад шуд.

Ба гузориши “Спутник”, хонум Мария Михаилова гуфт, ки ин иқдом муҷиби фаъол шудани шабакаҳои ғайрирасмӣ ва равнақи бозори сиёҳи ирсол пул ба Тоҷикистон хоҳад шуд.

Бо вуҷуди эъломи қаблии Бонки Миллии Тоҷикистон дар мавриди набуди мушкил дар интиқол ва дарёфти даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик, теъдоди зиёде аз бастагони ин афрод аз рӯзи 3 декабр натавонистанд ин пулҳоро аз бонк бардошт кунанд.

Зеро муассисоти моливу эътбории “Вестерн Юнион”, “Контакт”, “Близко” ва “золотая Корона” рӯзи 3 декабр интиқоли пул ба Тоҷикистонро мутаваққиф карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин 82 дарсади кулли маблағи интиқолӣ аз Русия ба Тоҷикистон тавассути муассисаи молии “Золотая Корона” анҷом мешуд.

Аз сӯи дигар, Бонки Миллии Тоҷикистон эълом кардааст, ки муассисоти моливу эътибории “Мониграм” ва  “Близко” ва “золотая Корона” аз ҳаққи интиқоли пул ба Тоҷикистон маҳрум шуданд.

Қаблан мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон аз тамоми бонкҳо ва муассисоти моливу эътибории Русия хоста буданд, ки барои интиқоли даромади коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон маблағеро ба унвони амонат дар Бонки миллии ин кишвар супурдагузорӣ кунанд, зеро фақат дар ин сурат аз ҳаққи иҷрои ин навъ муомилот бархурдор хоҳанд шуд.

Ҳамчунин коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия бояд дар Бонки Миллии Тоҷикистон шумораҳисоб дошта бошанд то битавонанд барои хонаводаҳои худ пул бифиристанд.

 

Барчасп