Декабр 06, 2019 19:50 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар мубориза бо терроризм

Вазири умури дохилии Тоҷикистон ва муовини Ожонси давлатии тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии Чин дар дидоре, бар ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ва Дин Ботсин, муовини Ожонси давлатии тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии Чин дар ин дидор дар Пекин, бар густариши ҳарчӣ бештари равобит байни ду кишвар таъкид карданд.

Бар асоси ин гузориш, дар ин дидор Лу Бинё, сафири Чин дар Тоҷикистон ҳам ҳузур доштааст.

Ахиран Ши Ҷинпинг, раисҷумҳури Чин дар сафаре ба Душанбе, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дидор кард.

Дар солҳои ахир Чин дар Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳузури пурранге дошта ва дар ин миён бештарин бидеҳии хориҷӣ ба Пекин низ марбут ба ин ду кишвар аст.

 

Барчасп