Декабр 09, 2019 14:59 Asia/Dushanbe
  • Тардиди коршиносон дар бораи бардошти 490 ҳазор тонна пахта дар Тоҷикистон

Коршинос дар бораи эъломи барномаи афзоиши бардошти пахта дар Тоҷикистон то 490 ҳазор тонна, ки мақомоти ҳукуматӣ барои соли 2020 пешбинӣ кардаанд, тардид доранд.

Ба нақл аз сомонаи Авеста, ин коршиносон ҳазинабар будани раванди кишт ва бардошти пахта, хомфурушии ин маҳсул ва суди ночизи он барои иқтисоди Тоҷикистонро аз асоситарин мушкили ин бахш унвон мекунанд.

Иззатуллоҳ Сатторӣ вазири кишоварзии Тоҷикистон чанде пеш дар Нишасти Маҷлиси намяндагони ин кишвар таъкид карда буд, ки имсол дар ин ҷумҳурӣ 398 ҳазор тонна пахта бардошт шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2018 наздик ба 98 ҳазор тонна бештар аст.

Вай гуфтааст, ки замина барои афзоиши тавлиди ин маҳсул то 490 ҳазор тонна фароҳам аст.

Ба гуфтаи Сатторӣ танҳо 25 дарсад аз ин маҳсул дар дохили Тоҷикистон фароварӣ ва бақия ба шакли хом ба хориҷ содир мешавад, ки ба зиёни иқтисоди ин кишвар аст.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин кишвар 136 корхона ва коргоҳи коркарди пахта вуҷуд дорад, ки таҳти назорати ҳеҷ вазорат ва ниҳоди ҳукуматие нестанд ва нархи пахта ҳангоми харид аз кишоварзон ва содироти онро худ таин мекунанд.

Вай муътақид аст, ки агар ин марокизи тавлидӣ барои ҳар кило пахта ба кишоварзон 6 сомонӣ ва 50 дирам нархи тамомшудаи ин маҳсулро пардохт мекарданд, заминаи бардошти 490 ҳазор тонна пахта фароҳам мешуд, аммо ин ширкатҳо ҳар кило пахтаро аз кишоварзон 3 сомонӣ ва 50 дирам харидорӣ мекунанд, ки ба зиёни онон тамом мешавад ва ангезаи кишти ин маҳсули муҳимро аз байн мебарад.

Ҳамчунин таҷҳизоти бештари корхонаҳои фароварии ришта, пахта куҳна ва фарсуда аст.

Бар асоси гузориши Вазорати саноат ва технологиҳои навини Тоҷикистон дар 9 моҳи имсол содироти пахтаи хом 95 миллиону 400 ҳазор доллар барои ин кишвар арзоварӣ доштааст.

Барчасп