Эъломи таърихи баргузории ҷаласоти аҳзоби сиёсии фаъол дар Тоҷикистон
Аҳзоби сиёсии фаъол дар Тоҷикистон таърихи баргузории ҷаласоти худро барои муаррифии довталабони ширкат дар интихоботи парлумонӣ эълом карданд.
Тамоми аҳзоби сиёсии фаъол дар Тоҷикистон таърихи баргузории ҷаласоти ҳизбии худ, барои мушаххас кардани номзадҳои интихоботии ҳизбро эълом карданд.
Ба гузориши сомонаи “Азия Плюс”, Ҳизби ҳокими халқӣ - демократии Тоҷикистон аз баргузории ҷаласаи худ дар рӯзи 13 декабри имсол ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурӣ хабар дод, ки бо ширкати 2 ҳазор нафар дар кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Аҳзоби ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ ва сотсиалистии Тоҷикистон ҳам ҷаласоти ҳизбии худро барои ироаи феҳристи довталабон дар 15 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душнба баргузор мекунанд.
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ҷаласаи 28 декабри худ, феҳристи номзадҳояшро барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ мушаххас хоҳад кард.
Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон низ эълом кардааст, ки ҷаласаи ин гурӯҳи сиёсӣ дар торихи 5 январи соли 2020 баргузор хоҳад шуд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дорои 63 курсӣ ва маҷлиси миллӣ дорои 33 курсӣ аст.
Ҳадди нисоби вуруди номзадҳо ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бар асоси орои 5 дарсадӣ хоҳад буд, ки аҳзоби ширкаткунанда бо ин шохис метавонанд як довталабро ба ниҳоди қонунгузорӣ бифиристанд.
Ҳамчунин ба таври ҳамзамон номзадҳои аҳзоб ва афроди мустақил дар ҳавзаҳои интихобияи саросарӣ бо ҳам рақобат хоҳанд кард.
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон аввали моҳи марти соли 2020 баргузор мешавад.