Бозгашти хоҳари Бузургмеҳр Ёров аз Олмон ба Тоҷикистон
Ҳуқуқшиноси тоҷик ва хоҳари Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии тоҷик аз бозгашт ба Тоҷикистон хабар дод.
Хонум Хосият Ёрова дар сафҳаи фейсбукии худ, далели бозгашт пас аз 3 соли иқомат аз Олмон ба Тоҷикистонро парасторӣ аз модари мариз, тасвиби қонуни афви мухолифони давлатӣ, ки дар хориҷ ба сар мебаранд ва талош барои озодии бародараш Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонӣ эълом кардааст.
Вай ба ҳамроҳи ҳамсару 6 фарзандаш ба Тоҷикистон бозмегардад.
Ӯ гуфт, ки бо кумаки созмони Салиби Сурхи ҷаҳонӣ ва бо парвози ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзи шанбеи 14 декабри соли ҷорӣ аз Франкфурти Олмон Олмон ба Душанбе бармегардад.
Хонум Хосият Ёрова таъкид кардааст, ки бародари дигараш Ҷамшед Ёров, ки дар Олмон зиндагӣ мекунад, дар ин кишвари аврупоӣ мемонад.
Додгоҳи шаҳри Душанбе октябри соли 2016 Бузургмеҳр Ёровро бар асоси 5 моддаи қонун, ба ҷурми даъвати умумӣ барои барандозии ҳукумат, барангехтани кина ва душманӣ, даъват ба ифротгароӣ ба 23 соли зиндон бо масодири мулку амволаш маҳкум кард.
Дар марти соли 2017 ба иттиҳоми таҳқири намояндагони додгоҳ ва додситонӣ ду сол ба ҳабси Ёров изофа карданд.
Дар августи соли 2017 низ ба иттиҳоми таҳқири раисҷумҳур, се соли дигар ба ҳабси Бузургмеҳр Ёров изофа шуд.
Вай дар соли 2015 ба далели таъсиси Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дастгир шуд.
Бар асоси қонуни ҷадиди афви умумӣ дар Тоҷикистон аз 28 сол ҳукми зиндони вай 6 сол кам шудааст.