Декабр 12, 2019 12:43 Asia/Dushanbe
  • Воми билоивази 33 миллионевроии Аврупо ба Тоҷикистон

Бонки аврупоии Бозсозӣ ва Тавсеа барои эминсозии партовгоҳҳои радиоактив дар шимоли Тоҷикистон, ба ин кишвар 33 миллион евро кумаки билоиваз мекунад.

Тавофуқномаи муртабит миёни Душанбе ва бонки мазкур имрӯз тавассути парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Ба гузориши “Қатра”, Заробиддин Файзуллоев, вазири саноеъ ва фанновариҳои ҷадиди Тоҷикистон дар парлумони ин кишвар гуфт, бо кумаки молии Иттиҳоди Аврупо имконсанҷии тадвин ва таъсири партавгоҳҳои “Деҳмой” ва “Табошаҳр” ба муҳити зисти атроф мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст.

 Вай афзуд, кумаки билоивази Бонки аврупоии Бозсозӣ ва Тавсеа, ки ҳаҷми куллии он 33.1 миллион евроро ташкил медиҳад, барои эминсозии ин партовгоҳҳо ҳазина хоҳад шуд.

Бинобар суханони вай, дар 10 партавгоҳи урани Тоҷикистон 55 миллион тон зуболаҳои радиоактивӣ маҳфуз аст.

Дар гузашта Осиёи Марказӣ тавлидкунандаи муҳими уран ба шумор мерафт ва ба ин далел миқдори зиёде аз маводи радиоактив дар партовгоҳҳои мухталифи ин кишвар қарор дорад, ки имрӯза таҳдиди бузургеро барои ҷону саломати мардум ва муҳити зисти ин кишварҳо эҷод мекунанд.

 

Барчасп