Декабр 14, 2019 09:54 Asia/Dushanbe
  • Баррасии мизони тасалути довталабони интихоботи парлумонии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ

Мизони тасалути довталабони интихоботи парлумонӣ ба забони давлатӣ дар Тоҷикистон дар камисиюни вижае баррасӣ мешавад.

Камисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон ниҳоди вижаеро ба манзури санҷиши мизони дониши забони давлатӣ барои довталабони интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ дар рӯзи аввали моҳи марти соли 2020 роҳандозӣ кард.

 Банақл аз Спутник, ин камисиюн ба раёсати Зариф Ализода намояндаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури маҷлиси намояндагон фаъолият хоҳад кард,ки ҳадафи он мушахас кардани мизони дониши забони давлатӣ аз суи довталабони интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ аст. Ин санҷиш шомили навиштани мушахасоти фардӣ, хондани як саҳифа матн, тавоноии суҳбат ва муколима ба забони тоҷикӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин номзадҳои интихобот мувазаф мешаванд ба пурсишҳое дар бораи қонуни асосӣ, қаҳрамонони Тоҷикистон, рӯзи ваҳдати миллӣ, аҳзоби сиёсии фаъол дар ин кишвар ва қонуни масулияти волидон дар тарбияти фарзандон посух диҳанд.

 Дар камисиюни вижаи санҷиши дониши забони давлатӣ барои довталабони интихоботи парлумонии Тоҷикистон, устодони забони тоҷикии Донишгоҳҳо, кормандони марказҳои пажуҳишии вобаста ба фарҳангистони улум ва кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти вобаста ба ҳукумати кишвар узвият доранд.

Озмуни мушобеҳе барои довталабони ширкат дар интихоботи шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳияҳои Тоҷикистон низ баргузор хоҳад шуд.

Интихоботи ҳамзамони маҷлиси намояндагони миллӣ ва шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳияҳои Тоҷикистон дар рӯзи аввали моҳи марти соли 2020 дар 41 ҳавзаи интихобшуда баргузор хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир бештари курсиҳои намояндагон ва миллӣ,ки ба тартиб 63 ва 33 намоянда дорад, дар ихтиёри Ҳизби ҳокими Халқии Демократӣ аст.

Барчасп