Декабр 14, 2019 14:53 Asia/Dushanbe
  • Рӯшди як дарсадии мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта

Мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз оғози соли 2019 нисбат ба мудати мушобеҳи соли гузашта як дар сад рушд доштааст.

Ба нақл аз хабаргузории Анатолий Вазорати тавсиъаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон таи гузорише эълом кард, мизони содироти соли гузаштаи Тоҷикистон 3 миллиарду 158 миллион доллар буд,ки имсол мизони 32 миллион доллар афзоиш доштааст.

Мизони содироти Тоҷикистон 768 миллион доллар ва воридоти ин ҷумҳури ҳам 2 миллиарду 390 миллион доллар будааст.

Тоҷикистон дар 9 моҳи имсол шоҳиди касрии тарози тиҷории як миллиарду 621 миллион долларӣ будааст.

Алюминий ва пахта бештарин маҳсулоти содиротии Тоҷикистон будааст, ҳамчунин Русия, Қазоқистон ва Чин бузургтарин шарикони тиҷорати хориҷии ин ҷумҳури будаанд.

Интизор меравад тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон то охирҳои имсол ба 78 миллиард сомонӣ ( 8,2 миллиард доллар ) афзоиш ёбад.

Барчасп