Декабр 14, 2019 20:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори намояндаи Маҷлиси Тоҷикистон дар бораи фаолияти ширкатҳои кишоварзии чинӣ

Намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон баррасии вазъияти заминҳои вилояти Хатлонро, ки аз сӯи ширкатҳои чинӣ барои кошт ва бардошти маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешавад хостор шуд.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Саидҷаъфари Усмонзода раиси Ҳизби демократ ва намояндаи Маҷлиси  қонунгузории Тоҷикистон гуфтааст, ки аз кишоварзони тоҷик хоста мешавад, ки аз таҷрибаи ширкатҳои чинӣ дар бардошти дубаробарӣ аз заминҳои кишоварзии вилояти Хатлон истифода шавад, аммо касе фикр намекунад, ки пас аз чанд сол вазъи заминҳои дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ ба далели истифодаи беравия аз куди химиёӣ ва самҳои кишоварзӣ чи хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ки равишҳои феълии фаолияти кишоварзони чинӣ муҷиби тахриби заминҳои Тоҷикистон дар ояндаи наздик хоҳад шуд ва ҳукумат бояд бо таъсиси коргуруҳи вижа фаолияти ширкатҳои чиниро баррасӣ кунад.

Саидҷаъфари Усмонзода таъкид кардааст, ки бо воридоти базри кишоварзии воридотӣ аз Чин сабзиҷоти Тоҷикистон таъми худро аз даст дода ва дар ояндаи наздик меваҳои ин кишвар низ ғайриқобили истифода хоҳад шуд.

Бо вуҷуди ин дархост, Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон тарҳи муофияти ду ширкати чинии фаол дар кошти пахтаро аз пардохти аворизи гумрукӣ ва андоз барои ворид кардани таҷҳизоти кишоварзӣ ба Тоҷикистон тасвиб кард. 

Барчасп