Декабр 15, 2019 09:41 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди наздик ба 2 миллион тонна ангишт дар Тоҷикистон

Вазорати саноат ва технологиҳои навини Тоҷикистон аз тавлиди як миллиону 930 ҳазор тонна ангишт дар 11 моҳи гузашта хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати саноат ва технологиҳои навини Тоҷикистон, имсол барои тавлиди ду миллион тонна ангишт дар ин кишвар барномарезӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2018 дар Тоҷикистон як миллиону 900 ҳазор тонна ангишт тавлид шуда буд, ки дар таърихи ин кишвар рекорд ба ҳисоб меомад.

 Гуфта мешавад, ки 45 ва ҳафт даҳум дарсад аз як миллиону 930 ҳазор тонна ангишт тавлид шуда дар ёзда моҳи гузашта мутааллиқ ба кони Фон-Яғноб дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд аст.

Дар ин муддат 16 ҳазор тонна ангишт ба Узбакистон ва Покистон содир шудааст.

Аз сӯи дигар Вазорати саноат ва технологиҳои навини Тоҷикистон эълом кардааст, ки қарзи ширкати давлатии Барқи тоҷик ба кони Фон-Яғноб дар ин муддат ба беш аз 81 миллион сомонӣ расидааст.

Захираҳои шиносоишуда дар 21 кони ангишти Тоҷикистон беш аз 3 миллиард тонна тахмин зада шудааст.

 

 

Барчасп